Шерхо Дар Бораи Дил

Posted by admin
Шерхо Дар Бораи Дил Average ratng: 6,1/10 7670 reviews

ШЕЪРХО ДАР ВАСФИ МОДАР cад чону дил фидои як муддаои модар, Фатху кушоиш орад дасти дуои. Если вы на этой странице, то вы хотите скачать или послушать хикоя дар бораи модар ва падар. Фанаты этой песни уже давно скачали у нас ее. Гулрухеро гар бубини ошики руяш мабош. - Ишки у дар дил бигиру ошики наккош бош!!! Гулрухеро гар бубини ошики руяш мабош. Ворлд мъюзик дримс. Шурик музика. Барои дар зиндаги чизеро ба даст ори,хатман чизи дигареро аз даст хохед дод! Дар зиндаги хамеша ба харфи дил гуш бикун,харчанд,ки дил дар.

Ru/zarafshontv Вконтакте Дар бораи падару бобоёни мо, ки дар Ч,БВ иштирок карда буданд Душанбинцы всего мира объединяйтесь!!! Душанбе шахри ман!-Душанбе мой город! Ностальгия ГОРОДА И РАЙОНЫ ТАДЖИКИСТАНА- НОХИЯВУ ШАХРХОИ ТОЧИКИСТОН Наши земляки за границей-Хамватанони мо дар гариби- Таджикистан наш дом!-Точикистон хонаи мо! Com/jmctj/ Facebook: Обод бошед, эй! Аз санг шарар Автор admin. Ба наздат омадан амри ма. Com/+BarakatMediaTJ Мой Мир: Дил намемирад.

На этом канале вы можете найти самые новые и самые лучшие авторские трейлеры, концерты, клипы, фильмы, свадебные песни, приколы и песни таджикскиех, узбекских, иранских, турецких и афганских исполнителей. Лоик барои ашъори дилписандаш сазовори мукофоти давлатии Точикистон ба номи Абуабдуллои Рудаки ва унвони «Шоири халкии Точикистон » гардидааст. Гар зананд оташ наме. Tj Subhon Said Барои даъват намудан, Амиршоҳи Субҳонро дар базму ҷашнвораҳо метавонед бо ин рақам дар тамос бишавед: +983 Ин таронае,ки то ба охир басту банд нашудааст. Расми Ватан. Чаро онро канам? Бигзор монад, — Нишон з- он дам, ки аз ту дур.

Бар сари хоки гиром. Лоик дар баробари шоири хуб будан, тарбиятгари шоирони навкалам низ мебошад.

С днем варенья, тебя, славная, родная! Ты - мой самый близкий человек!.Поздравляем тебя с днем рождения, Пусть, сестричка, в нас дружба живет, Пусть уходят печали, волнения, Счастья, радости из года в год, Для меня всё равно, что родная, Для тебя в этот день все цветы, Благ земных и удачи желаю, Все твои чтоб сбывались мечты!.Когда хочется плакать или смеяться. Лоик шоири лирик мебошад. Рустами дастон Бар набарди раво шитобон аст. Нарм созем мо дили сахташ Бо. Шумо худ озмудаед.

Як нафар шеър мегуяд ва дигар нафар бошад бо харфи охирини он шеър шеъри дигар мегуяд Масалан: Хам лоики душман асту хам лоики дуст. Мархамат касе дарки баланди шеър дорад маънои шери ВАТАН ки аз. 8), «Нушбод» (1.

Имдоди Худо Чтоб спасали тебя от бессилья, Чтобы песни дарили свои. Чаро чу шамъ ба болини мо намеой? Рафтори ту гирифта сари Автор admin. Com/zarafshontv Facebook Албатта ин бесабаб набуд. Хоки Ватан»(1. Ман фидои нозболини туям, Автор admin. Барои инсон аз.

Намебахшам гуно. Хок дар чашмам занад наззора. Media Viber: Менамояд об, Автор admin. Марди рох» (1.

Official Twitter: Зебунисcо — Википедия. Шеърхо Точики, ишк, Ватан, модар, 8- март, 2. Бисёр мехост, ки дуст дошта бошад ва дарди дили худро гуяд, бо. 2), «Ташнадил» (1. Умраш ба охир расиду издиво. Бе аранжировка сабт шудааст. Рубрика Аввал, Шеър oXjHhE5RvW4 Мо дар ду.

Tj/load/ Эркин Одинаев @ ВИДЕО ru/erkinodina Эркин Одинаев @ MP3 Так, чтоб мне не повторяться, А тебе не напрягаться, Ты сама решай, что нужно, И желай великодушно. Люблю тебя сестра моя,Ты лучшая подруга. Масти дидори якдигар гашта. Хаст бигу, нест бигу, рост бигу, Ман дар гами ту, ту дар гами кист бигу. Дата добавления: 2016-12-01.

Масти нозу масти са. Чун асое бар заифе, Муттакое бар.

Бигир аз дастам онро.

Агарчӣ бо манӣ имшаб, валекин боз метарсам. Зи оғӯшам раҳида меравӣ то дуриҳои дур. Ба чашмонам нишастӣ бо нигоҳи гарму мармузат, Худоё! Боз фардо мешавӣ аз чашми ман манзур.

Дил

Ба рӯйи бистари абри ҳарир имшаб ману ҷонон, Лабони беназири меҳри яздонро бибӯсидем. Ба пойи арш хуспидем, адои васл бинмудем. Канори ҳамдигар ду ташна чун дарё хурӯшидем. Паёми Ҷабруил омад, ки фардо рӯзи ҳиҷрон аст, Лабони ёр хушкид, ормонам силии ғам хӯрд. Ҳарири абри хоҳишҳои мо хушкиду ҳам таркид, Гулу гулғунҷаҳо аз абри хушкида зи ҳам паҷмурд.

Бигуфтӣ: «Меҳрабони ман, туӣ номеҳрабони ман, 23 септембар соли 2011, рӯзи ҷумъаи муродбахш, соати 14:55. Агар даъво кунӣ, ки туро аз ёд бурдаам ман, Бидон ки фаромуширо фаромӯш кардаам. Масти атри ёдат ҳама ҷо гаштаам ин ки, Чун замоне ҷуръае аз лаби ту нӯш кардаам. Имрӯз ситораро боз фиреб додам, ки рӯз аст, ӯ низ ғафлатзада чеҳра ба ман намоён кард. Аз васли ману ситора хуршеди баҳор, Як шӯру валавала бапой дар ҷаҳон кард.

Хуршед, ки даъвии ишқам буд, аз рӯйи ҳасад, Сияҳчодари абри баҳор ба рӯяш кашид. Ин боди сабо ба беди маҷнуни қади роҳ, Аз рӯйи ситам шона ба гесӯяш кашид. Субҳи 1 октубари хазонаи соли 2010, соати 06:40, Чоркӯҳи Исфарамарз, ки дар оғӯши хазони пойиз аст. Сокини пойизаму мехоҳамат, Дар лабат нақши баҳор аст, эй баҳор. Дар вуҷудат зиндагии ҷовидон, Синаи ман беқарор аст, эй баҳор. Пеш ову танг дар оғӯш гир, Ғунчаи пажмурдаи рӯҳи маро.

Боз умри ҷовидона бахш, бахш, Ин дили бемору маҷрӯҳи маро. Сокини пойизаму мехоҳамат, Ғарқи ман шав, сад ҷавониям бубахш. Бӯсаборон кун лабу рухсори ман, Бо нафасҳо зиндагониям бубахш.

Чун нафасҳоят ба рӯю гарданам, Сайр созанд, умри боқӣ медиҳанд. Нӯш аз лабҳои ман, ки ин лабон, Шӯру мастӣ ҳамчу соқӣ медиҳанд.

16 септембари соли 2010, соати 07:34, бемористони шаҳри Исфара. Он замон, ки маҳшар аз домони дунё сахт медорад, Чун шаби аввал зи домони арӯс, Шоҳдомод аз касири завқ мегирад.

Тарру хушку одаму ҳайвону ваҳшу тайру ҷин, Ҳам фаришта, ҳам самову ахтарон, Бо сурури сури Исрофил дар як турфа айн, Мемиранд. Он замон, ки зеру буни ин замин, Ҳамчу вулқон ҷӯши худ боло гирад, Ин замин ҳамчу як оинаи рӯйи дасте, Ҳамвор хоҳад шуд, Тухми мурғ з-он сӯйи дунё, Пеши чашми кӯр ҳам, Пайдор хоҳад шуд. Чашмҳо аз ваҳшати тасмими Рабул оламин: Ё ба дӯзах ё ба фирдавс!? Баъди он ки неккорон дар биҳишт, Баъди он бадтинатон дар нори сӯзон, Ҷой гиранд, Ин замини хаста аз ҷабру гуноҳ, Нола хоҳад кард: Бори илоҳо, меҳрабонӣ соз, Эй, маро аз ин вазифа, Кош маъзулам намоӣ, Хастаам ман, хастаам, Хаставу бишкастаам. Ҳам замину осмону аршу курсӣ пеши ӯ, Лоба хоҳанд кард.

Инструкция по уходу за тату Поскольку поврежденным окажется исключительно верхний слой эпидермиса, лимфа будет выделяться некоторое время.

Тибқи як фармони Худой, Ин ҳама аз мансабони хеш маъзул хоҳанд гашт, Ҷои эшон низ дар фирдавс! Пурсише зеҳни маро мағшуш медорад: Баъди анҷоми қиёмат, (Эй худоё, пурсишам маъзур медорӣ,) Баъди он ки ҳеҷ кас боқӣ намонад ҷуз ба ту, Он замон изну ҷалолатро чӣ кас тақдис хоҳад кард? Ё ту танҳо боз мемонӣ? Боз махлуқи кадомин, бо кадом шева, Ошиқи ту мешавад? Ман надонам ҳеҷ!

Аммо, ки яқин донам, Ишқи моён зинда хоҳад монд, Бар ту бандагиву бардагии хешро иброз хоҳанд кард. 5-ум рӯзи моҳи оврили соли 2010, соати 17:51, Хуҷанд. Эй ки гули хаёли ту. Бируста дар вуҷуди ман. Вале ғизои решааш, Зи хуну тору пуди ман.

Ва ҳар қадар ки паҳн шуд, Чу баргҳои қиссаат. Ҳамон қадар бузург шуд, Маро фироқу ғуссаат.

Ҳамон қадар, ки мондаам, Ба зери сояат ба дард, Ҳамон қадар ба чеҳраам, Нигора шуд ранги зард Бубин, ки сард мешавам, Зи гармии хаёли ту, Ва чеҳразард мешавам, Зи сурхи хатту холи ту. Бирустӣ дар вуҷуди ман. Вале аз они дигарӣ. Канори дигарон, вале, Маро ту хуни ҷигарӣ.

Шерхо Дар Бораи Дил

Бирустӣ дар вуҷуди ман, Бихурди тору пуди ман, Ту маънии суҷуди ман! Паёму ҳам дуруди ман! Хуҷанд, 2-юми моҳи жюни соли 2010, соати 11:21. Навда бо фармони тӯфон, Рӯйи гул шаппотӣ мезад, Чашми ман бо амри ёдат, Дар ожангҳои гунаам.

Ҷӯяи андӯҳ месохт. Дар мазори синаи ман ғуссаҳоят, Қалбро чун фӯлоди нарм, Мегудохт.

Буданат як қиссае буд, Рафтанат сад ғуссае. Хотири ҷамъам парешон, Ҳисса, ҳисса, ҳиссае. Дар лабонат як замоне, Боғбонӣ кард лабҳоям ба меҳр, Ёсуманҳо, настаранҳо, содагулҳои умед, Кишта буд. Моҳ он дам вақти бӯсобӯси мо, Дар сари мо шишта буд. Марзҳои синаатро бо шурур, Бӯсаҳои саркашам бишкаста буд. Дар набарди тан ба тан, Ишқ ғолиб буду мову ту валек, Бехабар аз бозиҳои сарнавишт.

Бехабар, ки қисмати мо он замон, Шодиҳоро аз пайи андӯҳҳо пайваста буд. Баъди чандин солҳо Боз Навда бо фармони тӯфон, Рӯйи гул шаппотӣ мезад. 19 мой, соли 2010, соати 16:01. Гунаҳ нокарда месӯзам даруни дӯзахи ишқат. Намедонам чӣ кардам ман. Ҳамон оғӯшу бӯсу меҳрабоният чу шаҳде буд, Худоё, оҳ, мурдам ман.

Гумон кардам зи шаҳдат умр шаккарбор мегардад. Хатокор, марди дардам ман. Замони буданат, зебову рангин қиссае будӣ Ва ҳини рафтанат, дарду ҳазорон ғуссае будӣ Агар сабзи баҳоронӣ, ба ҳар як фасли ин дунё, Вале ман, Хазонам, ранги зардам ман. Намедонам гуноҳам чист, месӯзам, намедонӣ. Хабарҳо з-олами дардам намехонӣ. Гунаҳ нокарда мебинам ҷазои ишқ, Дар ин кадбонузори навъҳои ғуссаву андӯҳ.

Это дополнение будет полезно новичкам не желающим ждать разблокирования новой запчасти и тем игрокам кто установил автономную карту, ведь за частую при установки автономных карт приходиться начинать игру заново. Мод разблокирует все доступные в мастерской запчасти и аксессуары, теперь даже с начальным уровнем можно выкупить весь магазин, конечно если это позволяет сделать ваш банковский счет. Euro truck simulator 2 открыть все автосалоны.

Ғизо аз ғусса кардам ман 5-уми мо ҳ и мой, соати 10:32, Хуҷанд. Ман аз хуршед метарсам, Ки рӯзе сард хоҳад шуд, Ман аз кӯҳсор метарсам, Ки рӯзе гард хоҳад шуд.

Ман аз эҳсоси гарми ишқ метарсам, Ки аз девонагию мастиву шӯрӣ Ва рӯзе зан зи дасти ишқу тақдираш, Ахиран мард хоҳад шуд. Худоӣ мекунад дар мо ҳузури ишқ бо дардаш Ба вақти гармии оғӯш, Аҷаб лағзидани лабҳо, Ва лаззат бурдани шабҳо, Аз садои ду лаби ҳангоми бӯсобӯс.

Чу шаб девона хоҳад шуд зи ғарқи ишқ варзидан, Ки рӯяш субҳидам аз девонагӣ испед хоҳад гашт. Ту ҳам девонагӣ кун дар мани девонаат эй ҷон, Ман аз хушкидани сарчашмаҳои ашк метарсам, Ки рӯзе кӯр хоҳад буд. Бидон оғӯши зан сарманшаъи илҳоми ҳар дард аст, Агар ин дард дар дунё намебуд, Бидон дунё бидуни дард метаркид.

Бидуни дарди ширин шӯр хоҳад буд. 29 оврили баҳорандудаи соли 2010, Хуҷанд, соати 13:48. Агар мирам дар оғӯши ту мирам. Чунончӣ дар лаби нӯши ту мирам. Мисоли мӯйи афтода сари китф, Ба ғамҳо дар баногӯши ту мирам. Ба сони панҷаҳои нури хуршед, Хазида то ба умқи ғунчаҳоят, Ба рӯйи ҷонамози сабзаи гул. Дар он лабҳои хомӯши ту мирам.

Агар Мавлои Рӯмӣ аз пайи Шамс, Ба рӯйи ин ҷаҳон батлон кашидаст, Барои хотири як хандаи ту, Ҳамаро, ҷуз фаромӯши ту мирам. Кунам шабгун ҷаҳонро ҳамчу мӯят. Надорам тоқати рӯзи дурӯғин, Тамоми шаб бипечам дар тани ту, Азизо, масту мадҳуши ту мирам. Нимаи моҳи оврили соли 2010, Хуҷанд, соати 13:50. Ҳама офоқ он шаб чун мани хом, Бишӯста рӯйи худ бо сад ҳарорат. Ба зери шаршари мӯят ва он гаҳ, Биёмад торикии шаб башорат. Ман имшаб бо Хуҷанди дилнишинам, Туро дар бистари себарга дидам.

Ҳароратҳои гарми синаи ту, Зи таппишҳои қалби ту шанидам. Ба зулфат баргаи себаргаеро, Нишондам дар лабиданҳои имшаб. Зи оғӯшат парешу масту махмур, Чашидам бо шабиданҳои имшаб.

Ва аммо хуб донистам ҳамон шаб, Ки васли мо дигар бо ҳам наёяд. Ва ин қасре, ки рӯйи гул нишондем, Хазони фасли пойизе напояд. Ҳама рӯзу ҳама шаб баъди он рӯз, Парешонам, ки ҳоли ту чӣ бошад. Пас аз оғӯши гарми ту раҳидан, Азизи ман, диламро ғам харошад.

Ба рӯйи сабзаи муштоқи борон, Фишондем ашкҳо ҳангоми бидруд. Ману ту бо гулу себарга печон, Намудем гум зи ҳам он дурри мақсуд. Инак, дар сарнавишти он шаби мо Шунидам гиряи хуршеди тобон, Даруни Сирдарё вақти шомаш, Бидидам хуни ӯ дар мавҷ резон. 9 оврили соли 2010, ману шабҳои Хуҷанд.

Кош будам ашкҳои чашми ту, Зиндагӣ дар рӯйи ту мекардаме. Дар лабони бӯсахоҳат як замон, Бо ҳазорон розҳо мемурдаме.

Нӯги мижгонат ба мисли умри ашк, Аз гулӯям ҳалқовезат шавам. Хунбаҳо аз чашми худ резам мудом, Вақти мурдан дон, ки гулрезат шавам. Боз чашми моҳ оғӯшам бидид, Васваси оғӯши ман дорад мудом. Бим дорад, к-он ҳама аз чашми ту, То барояд офтоб дар вақти шом.

Кош будам ашкҳои чашми ту, Аз даруни пилки чашмонат ба меҳр, Бӯсаборон карда то лабҳои ту, Баъд мемурдам, дило, аз ишқу сеҳр. Ҳазрати шаб дар намози рӯз аст, Мисли ман, ки дар сари мижгони ту.

Ҳайф, ки ҷуз орзуе беш нест, Будани ман зери абрӯвони ту. Ин хаёл аст, он маҳол аст, он маҳол. Ин маҳол аст, он хаёл аст, он хаёл. 18 морс, Хуҷанд, соли 2010, соати 17:06.

Салом эй Қайс, аввалшоҳи ишқи пок, Гадои маҳрами оғӯши Лайлӣ дар ҳарими хок. Ба рӯи синаи Лайлӣ намондӣ гар сарат ин ҷо, Сарафрозӣ, ба он дунё зи шаҳди ишқ дар афлок. Набудӣ гар падар тифлерову ногуфтӣ ту лолоӣ, Нахӯрдӣ ғӯта андар лобалои синаҳои нарми ёри хеш, Валекин, ту ҳамоно як падар будӣ, Падар бар тифли андӯҳам, Падар бар қалби маҷрӯҳам. Сароғози ҳама бишкастаи рӯҳам. Машав ғамгин, ки ғамҳоят насибам шуд.

Ба ҷои ёр, Паёму занги тилфунии ёри ман қарибам шуд. Машав ғамгин, ки саҳроҳои зери пойи ту ин дам, Дубай шуд, Суриё шуд, ҳам макони сайргардон аст. Ба ҷои маҳмили Лайлӣ, Ҷипу Мерседес андар хидмати ёр аст, Аммо, ин дили хуншор бемор аст. Ки он Лайлӣ на он ёр аст. Машав ғамгин, аё Маҷнун, Бори ишқ бар дӯши ман ниҳодӣ ту, Амонат аст, бояд ман аминиро ба ҷой орам. Ҳама дарду фиғону нолаатро ҳамраҳи андӯҳҳои хеш, Инак сӯйи Худой орам.

Бипурсам, гар камоли густохӣ аст: «Чаро андӯҳи Маҷнун баъди ӯ боқист?» 17 морси баҳораи соли 2010-уми Хуҷанди азиз. Ду чашмонат ду рӯзе дар ҳаётам, Нишоту шодиву бехудӣ бахшид. Ба боқӣ рӯзи умрам, мисли борон, Саропо мотаму андӯҳ пошид. Дилам дарде ба худ дорад, ки донам, Дили ҳар мурдае бедард бошад.

Сазоворам, ки бошам зиндаву лек, Пур аз дарду дилам пурсард бошад. Ду чашмонат ду рӯзи шодии ман, Қатори кокулат рӯзи сиёҳам. Нафасҳои бароварди ту доим, Шароре з-оташи сӯзони оҳам. Ду чашмонат ду авроқи китобест, Ки дар ҳар сатри он худро бидидам. Сари ҳар сатри гулзорат гули васл Дареғо ман начидам, ман начидам.

16 морси соли 2010, соати 17:46, Хуҷанди гулоғӯш. Баҳорандуда омад ин баҳору боз маҳрумам. Зи оғӯши баҳоринат, баҳори ишқи мазлумам.

Канори боғу бӯстонат намечархад пару болам, Лабам маҳрум зи лабҳоят, чунон дар хеш саргумам. Биё табрик созам бар баҳори нав, қарори нав. Туро бо дарди нав, эҳсосҳову ҳам хумори нав. Маро табрик хоҳӣ рӯзи аввалмоҳи наврӯзӣ, Зи оғӯшам ба ёд овар, агар бошӣ ба ёри нав. Ба оғӯшам биё, ки беҳтарин табрикгоҳам ҳаст.

Биғарқам дар туву ғарқонамат дар бӯсаҳоям маст. Бипечам ҳамчу гулҳо дар танат эй шохсори меҳр, Маро гар дай умедамро ба барфу бодҳо бишкаст. Ману ту ошно гаштем, ки то рӯзе ҷудо бошем. Ба ҳам бахшида қалби худ, ба ғамҳо мубтало бошем. Кунун дар чордевори битунӣ хонаам гӯям: Ҷудоӣ аз худо омад, бибояд бо худо бошем. Баҳори нав ба гулҳои пур аз дардаш муборак бод.

Канори нав ба оғӯши пур аз сардаш муборак бод. Аввалрӯзи моҳи морси соли 2010, вақте борон замини Хуҷандро оши қона мебӯсид.

Чаро гуфтан натонистам, ҳамон рӯз, Ки бе ту мемирам, эй мағзи ҷонам Ва шояд кибр буду ё ки ғафлат, Чу будӣ он замон дар устухонам. Ки метонистам бигӯям: дар нафасҳо, Бипечад ишқи ту андар гулӯям. Маро ҷуръат бибахшо, эй таманно, Ки то ин ҳарфро баҳрат бигӯям. Натонистам, натонистам дареғо, Кушоям қуфли ифшои забонам. Ту ҳам хомӯш будию нагуфтӣ: «Бигӯ аз дӯстдорӣ, меҳрубонам!» Чаро гуфтан натонистам ҳамон рӯз, Сари роҳи дари мактаб ба рӯят: «Нафас бе ту нахоҳад рафт дар ман, Ки рӯзам шаб шуда чун ранги мӯят». Инак, чун рӯзҳое чанд бигзашт, Туро бо ёри нав дидам, ба гулгашт. Ба дил гуфтам, туро ман дӯст дорам, Ки ин дам дар дилат дарде бино гашт.

Ҳар он дам, ки ба дил гӯям зи меҳрат, Туро дар кӯча мебинам, аҷиб аст. Ба чашмат дарди гунге пай бибурдам, Ки оё дарди мо бо ҳам қариб аст? Бигӯ, гар дер шуд, эй мағзи ҷонам, Ба қалбат заррае аз дарди ман ҳаст? Ва шояд рози нобикшодаи ман, Туро ҳам бошаду гардӣ, чу ман маст. Шаби ялдои шаҳри Исфара, 22 жонюри соли 2010, соати 00:51.

Баҳори умри ман бубин, ба зери хок меравад. Хазони ваҳшати дилам, зи дард пок меравад. Дилам зи ёду ғуссаат, ҳазор чоку реш шуд, Биёӣ гар ба дафни ман, бидон, ки чок меравад.

Бидидамат, ки кӯчабоғи шаҳр зери пои ту, Ба ҳар нафас худойро, ҳазор шукр мекунам. Инак туӣ, инак туӣ, ба нозу карру фарри хеш, Инак на ман, инак на ман, ҳазор сабр мекунам. Ба охирин нафас дилам, зи хотират пареш шуд. Чу вақти зиндагониям, инак, ки боз реш шуд. Гуфтам ба худ, ки гар равам, туро зи ёд мебарам, Аҷаб, ки вақти рафтанам, дилам ба дард беш шуд. Мабӯс хоки ман дило, ба рӯи санги хоки ман, Маё дигар зиёрати мазори дардноки ман. Марез ашки поки худ бар рӯи барги сабзаҳо, Ба сабзаҳои решааш даруни синачоки ман.

Ба вақти бо ту буданам, дилам фигор аз ту буд. Ҳама фиғону нолаам, бидон, нигор, аз ту буд.

Маро, ки хор кардаву ба пушти по задӣ дилам, Ба ҷону ҷонканӣ дилам, ки беқарор аз ту буд. Инак, магӯ зи ишқи худ, ба рӯи хоки гунги ман.

Магӯ дигар ба ҳасратат зи ишқи тозаранги ман. Бирав, бирав, маро гузор, забон бубанду гӯш кун: Магӯ, магӯ, магӯ, магӯ, парандаи қашанги ман! 21-уми жонюри соли 2010, соати 17:36, замоне, ки барфи сапед ба рӯйи бахти сияҳ чодари риё мекашид, Исфарамарз.

Зи дастам меҳрабонтар дастро ҳаргиз намеёбӣ. Зи оғӯшам ҳалимтар мастро ҳаргиз намеёбӣ. Агар моҳӣ ба қалбаш сад ҳавас аз шасти дил бошад, Аё гулмоҳӣ, ҷуз ман шастро ҳаргиз намеёбӣ. Агар дар зери по-т афтода садҳо ошиқон бошад. Ба ҷуз ман мурда андар зонуи гармат намебинӣ. Дили санг об шуд аз гиряҳои зори танҳоӣ, Дигар ашкам ба рӯйи синаи нармат намебинӣ. Агар баъди ту ман сад дилбареро ошно гардам, Бибӯсам гар, ба оғӯшам бигирам гар ба сад ният.

Бидонӣ, ки ба гӯши ҳар яки эшон ба сад уммед, Бигӯям аз туву аз бӯсаҳову меҳрабоният. Агар баъдам ба сад оғӯш дар оғӯш мегардӣ, Зи оғӯшам ҳалимтар мастро ҳаргиз намеёбӣ. Агар дастобадаст олам бигардӣ бе манат, аммо, Зи дастам меҳрабонтар дастро ҳаргиз намеёбӣ. 25 дисембари шаби ялдои соли 2009, Хуҷанд, соати 26:35. Агар донам, ки рӯзе мемирад ишқат, Зи лабҳоят набояд бӯса мекардам. Агар донам, ки султони дилат ман не, Зи андӯҳам набояд қисса мекардам.

Ба ҳангоми саломат гарм бифшурдӣ, Кафамро, лек қалбамро надонисти: Мисоли мурғ пар-пар мезаду мемурд, Вале инро ту фаҳмидан натонистӣ. Агар донам, ки чашмат розҷӯям нест, Нигоҳамро зи ту маҳбус мекардам. Тамоми дафтари умрам ҳамин инак.

Саропо қиссаи афсӯс мекардам. Валекин боз мебинам зи чашмонат, Ки Иблис ларз-ларзон дарс мегирад.

Гаҳе найранги шайтон чун камӣ мекард, Инак, аз барқи чашмат қарз мегирад. Агар донам, ки дар ҳар таппиши қалбат, Дигар кас ҳокимона зиндагӣ дорад. Диламро пештар аз марг мекуштам, Ки бигзор рӯйи хокам барг меборад.

22 новембари соли 2009, соати 12:46, Душанбешаҳр. Ман ба собуни хаёлам ҳар шабе, Домани хуршед мешӯям мудом. Ҷойи оби ҷуй ашки талхи ман, Рӯйи козургоҳ мерезад зи ҷом. Доруи Сино дили гилро шикофт, Марҳаме шуд, захмро аз дил бибурд. Лек Синогар нашуд ӯ баҳри худ, Чун зи захми меъдааш уфтоду мурд.

Байтҳоям гар дилеро бар диле, Ҳамчу гул дар шохаҳо пайванд хонд. Лек оҷиз монд дар ин боғи дил, Чун дили ман бо ту бе пайванд монд.

Дар шарори қалбҳои ошиқон, Нав ба нав тӯфон, ки меборам ба шеър. Қалби ту бар даст н-омад ин ки худ, Рӯйи ҳоҷат боз меорам ба шеър. Дасатнорас доманат хуршеди ман, Ман чӣ сон ба ашк даршӯям варо. Собуни фикрам нашуд суда валек, Васфи ин дар байт мегӯям чаро?

Бо ҳама дору надору сӯхтан, Доманатро сахт дорад шасти ман. Рӯзи ҳашр аз қабр гар хезам бидон: Пораи домони ту дар дасти ман! 25 новембари соли 2009, соати 10:42, шаҳри Душанбе. Чароғи утумубил синаи шабро дариду рафт, Дарунаш ту будиву синаам бидридиву рафтӣ. Саратро туи оина, Ба сӯям чун нагардондӣ, Мисоли чанбарак бар сӯйи ёри хеш, Саратро хам намудӣ бо ҳавои мастию шӯрат, Вале дастатат гиребони варо чун чанбарак медошт. Маро эй кош, марги ман Гиребонгир мешуд. Ману ман мондаму нозири раҳ дар роҳ.

Ба ҳоли ман, чунон хандидиву рафтӣ. Ва имшаб Шишаҳои бодапаймоӣ, Ҳар қадар аз худ тиҳӣ гаштанд Ман аз дарду ғами ту пур зи андӯҳу ғамат гаштам. Ману шиша ба ҳам ҳамгардану ҳам лаб ба лаб то рӯз, Туву ёрат ба ҳам ҷӯшиш шаб то рӯз. Худоё, ин магар мастист? Домонат зи дасти ман, Чунон барчидиву рафтӣ. Раҳат испед бодо!

Гар сияҳрӯзам чу чашми шабгирои ту, Хато кардам, ки мондам пораи дилро сари роҳат, Аммо ин хато зебост! Аммо ишқи ман дар синаи ман, зинда, бопарҷост!

Раҳат испед бодо! Инак, Ману ман мондаму нозири раҳ дар роҳ. Ба ҳоли ман, чунон хандидиву рафтӣ 21-ум рӯзи охирмоҳи фасли пойизи соли 2009, шаҳри Душанбе, соати 12:32. Ҳазорон қиссаҳо хондам, ҳазорон қиссаҳо гуфтам, Валекин қиссаи худро зи байти чашми ту хондам. Даруни бистари чашмат шабе нағнуда, аммо дил, Чу кӯдак вақти лолоӣ сари гаҳвораат мондам.

Ту бепарво, ту бепарво зи ханҷарҳои мижгонам, Ба пеши по-т хуни дил зи роҳи дида бифшондам. Сигори лаб тараб сӯзад, дили ман нимашаб сӯзад, Чу дуди ваҳшии фаҳшӣ даруни синаат мондам. Чу ғунча парда бидридам, чу девона бирақсидам, Ҳамаро ҷуз ба ёди ту зи кунҷи хонаам рондам.

Чароғак сӯхта дар роҳ, ба ҳам бархӯрд ду мошин, Чу мошин баъди дилсӯзӣ, дили дигар набиншондам. Мане як дил насибам шуд, ба яғмо бурдиаш, бераҳм!

Дилатро соҳибӣ кардан, худоё, ман набитвондам! Бирав ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, чу сайри дуди танбоку, Валекин дар димоғи ман, ману атри лабат мондам. 19 новембари соли 2009, садршаҳри Душанбе, соати 19:30. Замони Лоиқу Бозор биншастаст.

Замоне, гармии бозори Гулрухсор бишкастаст. Лабони шеърҷӯшатро, Бинеҳӣ бар лабони шеърхези ман. Гузорӣ синаатро маст рӯйи синаҳои шеърбези ман.

Ай фаввораҳои байтҳои шеъррези ман! Дар ин ҷамъе, ки нодиранд. Барои чоплусӣ ташна мемиранд. Ҳама диплумбадасту пиҷҷаки дарзмолхӯрда. Ману ту нимаурён рӯйи бистарҳои барги хис. Ба ранги сӯфиёни ҳизби Мавлоно, Ба тан аз жандаҳои ишқ пӯшида, Ба сони Шамс ҳамрозем.

Шерхо Дар Бораи Диллерон

Дар ин шеъри нагунсори мудерни сад паямбарсоз. Худоии дигар созем. Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман! Сигори дудхӯрда. Зери по аз дуд мурда. Биё, бардошта дар чашму лаб молем. Ба ҳоли нимҷавонияш.

Тамоми нимашаб нолем. Бар ӯ аз оташи ин синаҳои шеърбези хеш, Шарар аз лаб барандозем.

Аланга дар миёни шому хуфтанҳои шеъри нав, Мисоли бешаи сӯзандаи паҳнои Африқо, Азони нав бигӯему ба сӯйи қиблаи бистар, Ба шавқу шӯр дартозем. Ҳазорон қолаби даҳ асрро дар рӯйи шеъри бистари гармам. Шикаста, баркашида, мисли девона, Биё, бо ҳам биёмезем! Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман! Биё, танҳо зи бӯсу аз канору гармии оғӯш мегӯем. Дар ин вақте, ки роҳу кӯҳу ГЭСу шахсият шеър аст. Биё, аз мавҷи гесӯ, васли шаб, в-аз он лабони нӯш мегӯем.

Биё, тӯфони нав дар ишқу шеъру васл, Бирезему зи пайки лаб ба лаб дар ҳам расиданҳо. Ҳарири ёру нозаш шаб ба шаб аз ҳам кашиданҳо Арақ аз тори мӯйи ёр рӯйи синаи гармам чакиданҳо. Биё, дарҷӯш мегӯем. Биё, бугзор дастат рӯйи санги синаҳои шеърбези ман. Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман! 14-уми новембари хазонрези соли 2009, Душанбешаҳр, соати 03:21-и субҳоғӯш. Агар шеъри лабонам бар лабонат, Бисозам ҷамъ, шавад девони бӯса.

Ҳисоби бӯсаҳоям дар баногӯш-т, Шавад як мустанад армону қисса. Ба лабҳоям набиштам байти тоза, Ба авроқи лабонат дер карда. Вале имрӯз мебинам зи лабҳо-т, Кадоме байтро таҳрир карда. Ҷудоият маро дардест сӯзон, Аҷаб ин дард ҳам ширину зебост. Бирезам ашк аз абри ду чашмам, Вале ин гиря ҳам баҳрам гуворост.

Даруни оташи ҳаҷрат дили худ, Ба шавқу бо таманноҳо фикандам. Ки ширин сӯхтан аст, Ду пойи дил бар ин оташ бубандам. Миёни Кирдугору синаи ман, Туӣ, эй риштаи ҷону тани ман. Зи чашмат ҷилваи Ҳақро бидидам, Надидӣ ту вале ин аз мани ман. Вале ту сӯхтӣ дар байти лабҳо-т, Қаламҳои лабони шеърборам, Ба дасти дигаре таҳрир кардӣ, Ду байти лаб, ки бурдӣ аз хуморам. 9-уми новембари пойизфасли шаҳри Душанбе, соли 2009, соати 22:46.

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман, Ба шарте синаат оташ бидорад. Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз, Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад? Ба тӯфони дилам худро биёмез, Дар оғӯшам, ки имшаб раҳ бидодам.

Ба гесӯят бубанд аз пойи қалбам, Ки гӯям: «Зери по-т ин дам фитодам». Маро дар тоқи абрӯйи шаби моҳ, Ба меҳру дардҳо оҳиста биншон. Дили бедардро ҳаргиз нахоҳам, Биё бо дард дар дар оғӯши ман, ҷон! Саратро рӯйи китфам монда имшаб, Зи ҷоми бӯсаат бо шаст гардон.

Фишонда атри гесӯят ба рӯям, Маро ту маст мекун, маст гардон. Ба қадри дард мебояд расидан, Ки дарди ширини иш(қ) ҳар киро нест.

Дили пурдарди худ дар руйӣ бистар, Бимон бар руйи қалбам, то маро нест. Ба тӯфони дилам худро биёмез, Ки ҷуз ту дигареро ман нахоҳам. Ба гесӯят бубанд аз пойи қалбам, Ки бигзор аз ғамат якумр коҳам. Ту, эй, мехонӣ ин ғамномаи дил, Қалам аз нӯги мижгонат гирифтам. Туӣ, ту, шоири ин шеъри пурдард, Ки зеро байти пистонат гирифтам. 2-уми новембари хазонаи соли 2009, Душанбешаҳр, соати 12:57.

Дасти хуршед аз миёнам баргирифт, Дар ду чашмам дидаашро сахт дӯхт, Синаам оғӯш карду ҳаббазо. З-оташи оғӯши ман хуршед сӯхт. Аз лабонам бӯса карду оҳ гуфт, З-оташе, ки синаам бар ӯ бидод. Нутфаи фардо зи ман бигрифту пас, Дод гуфт ӯ бар ду гӯши карри бод. Рӯйи бистар омадем ҳар ду ба ҳам, Об гаштем аз фироқу дарди ишқ. Дар баногӯшам лабаш лағзиду гуфт: Ман надидам ҳамчунонат марди ишқ.

Рӯ ба рӯйи синаам сар монда ӯ, Рӯйи бистар қиссаҳои хеш хонд. Дар баёзи гарданам аз бӯсаҳош, Ҳамчу мӯҳре изҳои бӯса монд. Ман ба ҷойи он ки бишкуфам ба шавқ, Андар оғӯшаш ба ҷӯшу нӯшу маст. Чак-чаки борон зи чашмам рехт-рехт, З-он ки бе ту офтобам сард аст.

15-ум рӯзи дуввуммоҳи фасли заррин, Хуҷанд, соати 15:48. Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам, Паси ҳам чида-чида зор гирям. Намояд нақши руйи ёри саркаш, Қаламро баҳри ҳадя месупорам. Лаби амвочи дарё муйи ёрам, Ду соҳил ду лаби хушкидаи ман. Қатори пилтаҳои кокули у, Ба саҳро хушаҳои чидаи ман. Шаби маҳтоб дар пушти ситора, Зи сақфи осмон суям назар кард. Зи сина бурд себи сурхи дар лаъл, Дар охир аз нигоҳи ман ҳазар кард.

Дилам хоҳад, ки то рузи қиёмат, Бибусам гунаҳои нормонанд. Бибусам аз лабони шаккаринат, Ки то чун ошиқи зорам бидонанд. Дилам хоҳад, ки ҳар гаҳ тарфи руят, Кунам ханда чу хуршеди баҳорон.

Чу шабро васл гуянд, худ валекин, Фироқи мову ту шабҳои борон. Ба васлат васл гардам дар хаёлам, Зи нахли умр уфтад шоху баргам. Бичинй аз хазонам, ёди ман кун, Бирез он гаҳ сиришке рузи маргам. То дил бимонй қадри дил дон! Ки у бо ёди ту андар сиришк аст. Ба ёдат хун бигардонат ба соғар, Ба ёдат гоҳ ҳушёру гаҳе маст. Ба меҳробат намудам сачдаи чуфт, Миёни абрувони моҳмонанд.

Зиҳй ошиқ бигирам ман мулаққаб, Ки то ошиқу обидам бидонанд. Ба танҳой ба ёдат зинда будан, Ин аст то охири умри азизам. Ба тоқи абруят дар сарчдаорй, Надорам чуз ба ин, ки ҳеч чизам. Хутути ишқро дар дафтари умр, Паси ҳам чида-чида зор мирам. Ба васли бевисоли бусаоғуш, Зи худ бегонаву бемор мирам. Хучанд, соати 14:40.

Чашми ман дар сақфи хона, хоб аз чашмам парид. Дар дилам буғзе баҳона, ёр аз ман чун бурид. Синаам ҳамчун биёбон, эй гули ночидаам, Ёд аз ман кардй ё на, чун туро ёрат шамид? Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту, Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам. Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол, Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам. Хуб медонам замоне дар фарози шомҳо, То нишемангоҳи суб(ҳ) шебу фарозе доштем. Ҳарфҳои ошиқона чашм чашму лаб ба лаб, Руйи бистар қисса кутоҳу дарозе доштем.

Хуб медонам, ки банди зулфи ту то поси руз, Дар кафам буд, гуёи ин ду чаҳон андар кафам. Инакам, дастам тиҳй бе зулфи ту, бе буданат, Гуиё аз тангдастй, бенавой, мекафам. Хуб медонам, лабонат дар лабам бишкуфта буд, Аввалин гулғунчаҳои бусаву оғуши гарм. Ёри ту ҳарчанд медонад, ки пеш аз у ба меҳр, Ман рабудам поси шабҳо аз лабонат нуши гарм. Оғозфасли пойизи хазонрез.

24-уми септомбири соли 2009. Чашми ман чун булури беруҳ аст, Гар набинад зи сарви мавзунат. Панчаам чун дарахти хушкида, Чун нағутад ба муйи шабгунат. Синаамро чун санг медонам, В-ар набошад ба руйи он руят. Чун биёбон ба тафсу хушкидаст, То набинад равонии чуят. То бидонй, ки таппиши қалбам, Зикри номат ҳамекунад ҳар дам.

Лаҳзае гар бидуни номи ту. Чун нафас кашам, дон ки ман мурдам. Бистари ман муродифи тобут, Бе шабиданҳои ту марг аст. Чун ба фасли пойизи умрам, Зери по чун ба зардии барг аст. Бенигоҳи гарму синаи нармат, Ин вучудам сарду сангин аст. Бо ҳазорон нишоту масрурй, Зиндагиям вале-к ғамгин аст.

Поийизфасли Хучанд, 23 септомбир, соати 14:35. Бубин, ки руйи кафши ту, Биборад ашки гарми ман. Ҳазор бора гуядат, Зи хоҳишу зи шарми ман.

Ман аз туам, ту аз манй. Даруни наҳри синаат, Шино кунад лабам мудом, Ба ламсҳои дасти ман, Танат шавад маҳину ром. Ман аз туам, ту аз манй. Мисоли соғарй, ки ман, Чу ашкҳои шури хеш. Туро чу нуш мекунам, Даруни шеърҳои реш. Ман аз туам, ту аз манй. Даруни байтҳои худ, Бупечамат чу кокулат.

Нависамат ба хуни хеш, Ба руйи барги ҳар гулат: Ман аз туам, ту аз манй. 8-уми септомбир, Хучандам, ки интизори иди Истиқлолият аст. Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест, Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре. Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал, Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре. Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст, Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом. Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас, Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом. Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст, Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.

Боз поён мешавад ин шоми беболиниям, Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест. Тарк гуфтам бистареро бо ҳавои мастиям, Бим не, зеро, ки донам, боз бинам бистаре. Зеро по шуд, гар дили ман з-ишқи чонон, ҳаббазо, Мешавад точи саре рузе зи суйи дигаре. Хучанд, 7 септомбир, дар оғуши оғози фасли хазонрез, соати 14:05. Аз он серам, ки се вақт аз са б о ҳ ам, Fамат хурдам ба руйи хони қисмат.

Даруни соғари тақдири умрам, Чакондй ашки шурам бо маломат. Дар оғуши дили ойина ин дам, Бидидам дилбарамро лухту ларзон. Тамоми ҳастияшро бе мамониъ, Ба ойина фурушидаст арзон. Ва нури офтоб чун дасти маҳбуб, Даруни синаи фаввора ғутид.

Лаби рангинкамон ошуфтаворе, Бинушиду хурушиду бичушид. Даруни бистари гулғунчаи тар, Чу ошиқмуғчаҳо бар ту бипечам. Билағжам аз фарози байтҳоям, Ба оғуши баҳоринат биғечам. Аз он ки чашми ман бар қадди раъно-т, Назар носер медӯзад мудомам.

Аз ин рӯ ҳабс кардам чашми худро, Даруни панҷари мижгони шомам. Биё то сер бинам, чеҳраи ту, Ки то озод бошад чашми гирён. Чу ойина ду чашмам нимашабҳо Туро то бингарад дар лухту ларзон. Гармофасли Хучанд, 5 августи соли 2009. Вақте нафасам сайри баногуши ту мекард, Дастони пурошуби манат гирди ту печид. Ту панча задй ба мую китфам бифушурдй, Вақте лаби мо зи ҳам гули ёс ҳамечид.

Проект

Набзи дили ту синаи ман дарк намуда, Бозуи танам таппиши қалбат чу бисанчид. Андар дили тангам ба ҳама нозу шикебо-т, Он лаҳза туву олами поки ту биғунчид. Вақте лаби ту муҳри муҳаббат ба танам монд, Қонуни муҳаббат ба дилам қоимақом аст.

Гарчанд замона ҳама озодиву орист, З-он шом ба баъд ин дили ман бар ту ғулом аст. Вақте лаби ман чу дасти хушкидаи деҳқон, Шодоб шуд аз шаҳди анори тани гармат.

Сад ғута ба баҳри муят задаму бусаи бешарм, Тадриси муҳаббат бигирифт аз сари шармат. Илҳоми дубора дар оғуши Хучанд, 13-уми жюл, соли 2009, соати 18:48. Якеро дуст медорам, вале у Дигарро дуст медорад, ачаб нест. Дигар ҳам дигареро мепарастад, Ки фарқи мо ҳама чуз як вачаб нест.

Ту бар у мемириву ман бароят, Аз ин пас дарди ту монои ман аст. Китоби чашми ман ҳар лаҳза бинй, Ки бешак он замон хонои ман аст. Ба барги ғунчаи дар синаи чап, Навиштам, ки туро ман дуст дорам. Ва ин гулғунчаро дар зери поят, Фишондам, то дар олам бошй ёрам. Ба руйи сафҳаи нилгунии шаб, Чу нақши бусаҳо истораҳо рехт. Ба китфи маҳ чу ман истораи шаб. Ба хоҳишҳои лабҳояш даровехт.

Бизад зону чу ман дар пеши пояш, Фишонд ашкаш бар руйи кафши маҳтоб. Миёни синааш гулҳои буса, Шукуфта андарин шабҳои бехоб. Якеро дуст медорам, вале у Дигарро мепарастад, ҳамчу маъбуд. Ки қонуни муҳаббат з-ибтидояш, Чунин ҳасту чунин бошад, чунин буд. Ба барги гул ба хуни дил навиштам, Туро ман дуст дорам, булбули ман.

Вале гулро ба пеши пойи дигар, Фишондй бо муҳаббат, чун дили ман. 27 жюни соли 2009, Хучанди зебоям, ки масти оғуши иди Ваҳдат аст. Розҳоро бишканондй бедареғ, Андаруни синаҳои гармчуш. Бусаҳоро рехтй бо майли том, Дар лабони оташини пурхуруш.

Эй дилам, эй тифли оташбози ман! Дар ғамам афгору ғурбатсози ман! Дилбаре аз раҳ зада, дар қадди раҳ, Андар оғушам намудй чойи. Бусаи гарме ба ман доду гирифт, Ин дилам, ки гаштаас(т) маъвои.

Шерхо Дар Бораи Дилбаян

Эй дилам, эй тифли оташбози ман! Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Чун чароғи сурх андар ғабғабаш, Изҳои бусаам рахшандаанд. Дар баёзи гардану дар китфи у, Рахнаҳои шарми ман тобандаанд. Эй дилам, эй тифли оташбози ман! Дар ғамам афгору ғурбатсози ман! Шомҳо, ки субҳро ба теғи чашм, Дар сари болин шаҳидаш кардаем. Рузи дафнаш чойи мотам дар висол, Ханда кардемаш, чу идаш кардаем. Эй дилам, эй тифли оташбози ман!

Дар ғамам афгору ғурбатсози ман! Дар гудози бистар аз шавқи висол, Қолабамаро рехтам дар соғарат.

Баъди андак Суннатии дигаре, Боз ояд, то биёяд боварат. Эй дилам, эй тифли оташбози ман! Дар ғамам афгору ғурбатсози ман! Шоми зебои Хучанд, 18 жюни соли 2009, соати 20:39.

Ошуби дилам, бубахш имруз, Аз рози дилам, ки дер гуфтам. Бар чашми сиёҳи оҳувонат, Ногуфта, вале, ки шеър гуфтам. Дар чашми сиёҳи бемухотаб, Бе ҳарф, вале хитоб кардам.

Ман зиндагиям кунун, ки алъон, Бо ишқи ту чун китоб кардам. Ин сактаи дил, ки руз ё шаб, Монад зи тапиши бедирангаш. Бо ғуссаву сад ҳазор гиря, Чоям бидиҳад зи хоки тангаш. Ман мераваму дилам, ки бо ту, Монад ба ҳамешагӣ, ба танҳо. З-ин ру, ки бидидаам зи чашмат, Такрори ҳаёти хештанро. Бигзор ҳаёти ман зи баъдам, Дар синаи гарми ту бимонад. Аз он чи надидаму надидам, Бигзор чу шарми ту бимонад.

Танҳо ки шудӣ, бипурс в-он гаҳ, Як бусаи гарми ман зи лабҳо-т. В-он гаҳ, ки шудӣ бипурс фавран, Оғуши манат ба тарфи шабҳо-т.

Ҳар гаҳ ки ба ғам бупечӣ, чоно, Печидани ман ба ёд овар. Дар синаву мую чашму лабҳо-т, Чушидани ман ба ёд овар. Хучанд, соати 21:47. Ба марги офтоби зиндагонй, Бигиряд абрҳои чашми мастам. Ба ишқи рафтаи номурдаи ман, Вафодорам, вафодорам, ки ҳастам.

Сарам дар остони пурчалолат, Ба меҳру бо муҳаббат чун бимонам. Зи гашти мурчаҳои остонат, Нишони дустдориро бихонам.

Туро чуз ман ҳазорон ошиқон аст, Вале чун ман гадоеро ба-д-ин роҳ. Намебинй, намедонй, наёбй, В-агар ёбй, надорад чун мане оҳ. Нишони ғабғабат чустам зи хуршед, Суроғи чашми ту дар чашма чустам. Назокатҳои ту аз барги ҳар гул, Бичустам, он чунон чун гул бирустам. Ба ёди он шаби гулгуннисорат, Бишуд гулгункафан умри чавонй. Зи баъди бусаҳои умрбахшат, Бикуштй ормони осмонй.

Туро чустам даруни хештан ҳам, Ки сар то по ту будй, ман набудам. Вале ман ку, дар ин ҳавлу дар ин қавл? Даруну беруни ин тан набудам. Мани гумкардахешат ин замон, ки, Туро кобам, аё гумгаштапайдо!

Ки ҳар чй дидаам, руйи ту дидам, Вале ман ку, дар ин ойинаи мо? Гармофасли Хучанди азизам, 16-ми жюни соли 2009.